11 Сентябр 2025 - 00:00
Source: ABNA
Кохи Сафед: Ҳамла ба Қатар ба пешбурди аҳдофи Амрико ва Исроил кумак намекунад

Сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки ҳамла ба Қатар кумак ба пешбурди аҳдофи Амрико ва Исроил намекунад.

Тибқи гузориши хабаргузории ABNA ба нақл аз CNN, «Кэролайн Левитт», сухангӯи Кохи Сафед гуфт: "Бомборони якҷониба дар дохили Қатар, ки кишвари мустақил ва муттаҳиди наздики Амрико ба шумор меравад, на ба пешбурди аҳдофи Исроил кумак мекунад на Амрико."

Вай афзуд: "Бо ин ҳол аз байн бурдани Ҳамос, ҳадафи арзишманде аст."

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико қабл аз ин гуфт, ки артиши Иёлоти Муттаҳида субҳи сешанбе ба давлат иттилоъ дод, ки Исроил ба Ҳамос, ки мутаассифона дар бахше аз Дуҳа, пойтахти Қатар мустақар аст, ҳамла мекунад. Ин тасмиме буд, ки нахуствазири Нетаняҳу гирифта буд, на тасмиме, ки ман гирифта бошам.

Вай афзуд: "Бомборони якҷониба дар дохили Қатар, як кишвари мустақил ва муттаҳиди наздики Иёлоти Муттаҳида, ки бисёр сахт талош мекунад ва шуҷоатона бо мо барои миёнҷигарии сулҳ риск мекунад, аҳдофи Исроил ё Амрикоро пеш намебарад."

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт: "Эътиқод дорам, ки ин ҳодисаи ногувор метавонад ба унвони фурсате барои сулҳ бошад. Ман ҳамчунин бо амир ва нахуствазири Қатар суҳбат кардам ва аз онҳо ба хотири пуштибонӣ ва дӯстияшон бо кишварамон ташаккур кардам ва ба онҳо итминон додам, ки чунин иттифоқе дигар дар хоки онҳо рух нахоҳад дод."

Вай афзуд: "Ман мехоҳам ҳамаи гаравгонҳо ва ҷасадҳои кушташудагон озод шаванд ва ин ҷанг ҳамин ҳоло поён ёбад! Ман ҳамчунин пас аз ҳамла бо нахуствазир Нетаняҳу суҳбат кардам. Нахуствазир ба ман гуфт, ки мехоҳад сулҳ барқарор кунад."

Трамп гуфт, ки ба Виткаф дастур дода шуд то қатариҳоро аз ҳамлаи Исроил огоҳ кунад ва ӯ ин корро анҷом дод, аммо хеле дер шуда буд.

Режими саҳюнистӣ, ки натавонистааст дар тӯли беш аз 700 рӯз ҷанг ба ҳеҷ кадом аз аҳдофи худ дар Ғазза даст пайдо кунад, рӯзи сешанбе бидуни дар назар гирифтани қонунҳои байналмилалӣ ва дар иқдоми тарсувона, гурӯҳи музокиракунандаи ҷунбиши Ҳамос дар Қатарро ҳадаф қарор дод ва бори дигар нишон дод, ки сулҳ бо ин режими ҷаълиӣ саробе беш нест.

Your Comment

You are replying to: .
captcha